ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲУВИЯТИ ТОҶИКӢ
Ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати тозаистиқлоли моро ба саҳнаи нави рақобатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ворид намуд. Новобаста аз вазъи сиёсии солҳои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба СММ пазируфта шуда, бо роҳнамоӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳ ба сӯи робитаҳои хориҷиро дар асоси принсипи «дарҳои кушод» бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ пеш гирифта шуд.
Таҷрибаи муосири байналхалқӣ, раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва тақсимоти нави ҷаҳони муосир, ки рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, монеаи раванди татбиқи сиёсати миллии кишварҳои хурд мегарданд.
Ҳоло абарқудратҳо бо ҳар роҳу васила барои таблиғ ва татбиқ намудани сиёсату идеология, фарҳанг, забон ва урфу одати худ кӯшиш мекунанд. Дар иҳотаи бархурди давлатҳои абарқударти саноатӣ – Амрико, Русия, Чин ва ғайра қарор доштани кишвари мо тақозо мекунад, ки ҳувияти миллӣ, забон, урфу одат, мазҳаб ва дигар арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва густариш диҳад.
Имрӯз, ҷараёни иттилоотрасонии муосир, истифодаи шабакаи интернет пешрафти босуръат дорад, пурра назорату таҳлил намудани ахбору маводҳои он душвору дар баъзе маврид ғайри имкон мегардад ва ҳар лаҳза эҳтимоли дастраси қишрҳои гуногуни ҷомеа гардидани маводу иттилооти хатарнок мегардад. Дар сурати ба фориғболӣ, бетарафӣ, аз даст додани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ба иқтисоду сиёсат, субот, ҳувияту фарҳанги миллии кишварҳо зиёни моливу маънавӣ расонида мешавад. Мисоли равшани онро дар табаддулоту ҷангҳои локалию давомноки Сурия, Ироқ, Афғонистон, Украина ва ғайра мушоҳида карда метавонем, ки дахолати барқудратҳо ва дасти гуруҳҳои тундрави террористӣ ва экстремистӣ равшан мушоҳида мегардад.
Аз ин лиҳоз, барои давлат ва шаҳрвандони кишвари мо ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳувияти тоҷикона, таҳкими ҳамаҷонибаи раванди ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, донишҳои замонавӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ заруру ногузир аст.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки инсон танҳо дар муҳити ваҳдати миллӣ зиндагии хуш, орому осуда дошта метавонад ва маҳз дар муҳити ваҳдату осоиштагӣ худро ҳам ҷузъи миллат башарият ҳис карда, аз ҳуқуқу озодиҳояш бархурдор мегардад. Эҳсоси ҷузъи ҷомеа будан ба инсон барои рафъи ҳамаи душвориҳои зиндагӣ нерӯ мебахшад. Худро зери ҳимояи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳис кардан шаҳрвандонро ба орзуву ҳаваси зиндагӣ, обод кардани хонаву дар, рафъи нигилизми ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва содиқона хизмат кардан ба Ватан ҳидоят менамояд.
Агар тоҷикон ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ намерасиданд, мавҷудияти давлат зери шубҳа қарор гирифта буд. Ҳатто баъзе нохалафон кӯшишҳои ба қисматҳо ҷудо кардани давлатро карда буданд. Маҳз хиради азалии мардуми кишвар, ҳувияти миллӣ, роҳнамоиву хирадсолорӣ ва шуҷоату ҷасурии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро аз ин вартаи ҳалокат раҳо намуд.
Пешвои муаззами миллат вобастагии устувор намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ аз худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дарк намуда, тавассути таҷлили санаҳои таърихӣ, солгарди шахсиятҳои маъруф, навиштани асарҳои бунёдӣ доир ба таърих, забон ва фарҳангӣ миллӣ, ташкили озмунҳои гуногун, дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардонидани китобҳои «Тоҷикон», «Шоҳнома» ва тарҷумаи тоҷикии «Қуръони Карим» таваҷҷуҳи мардуми кишварро ба омӯзиш, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мазҳаб ва таъриху фарҳанги аҷдодони шарафмандамон ҷалб намуданд. Ин ташаббусҳои дурбинонаи Сарвари давлат на фақат имрӯз, балки дар оянда барои сарҷамъиву ҳаёти осоиштаи насли ояндасози кишвар хизмат менамояд.
Шахсе, ки воқеан, худшиносу худогоҳ аст, масъулиятро дар назди давлат ва ҷомеа дучанд эҳсос менамояд.
Хислатҳои чунин ашхос дар ҳувияти баланди миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ, марзу бум, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, эҳтироми қонунгузорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо дар кору фаъолият ва рисолати шаҳрвандӣ инъикоси худро мебошад.
Ватани маҳбуби мо дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои вазнинро паси сар намуда, имрӯз тавассути кӯшишҳои шабонарӯзӣ, корнамоии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба давраҳои нав - эъмори давлатдории миллӣ, ки соҳиби иқтисоди устувор ва рушди бемайлон аст, ворид гардид. Аммо мутаассифона то ҳол баъзе афроди бетараф, бешараф, дурӯяву духӯра ҳастанд, ки мавқеи шаҳрвандии худро аз даст дода, зери қаноти хоҷагони хориҷӣ тавассути шабакаи интернет ҳарзагӯӣ намуда, шаҳрвандонро гумроҳиву тундравӣ фирефта кардан мехоҳанд. Ин душманони давлату миллат эътиқоди динӣ, ҳатто мушкилоти аз ҳодисаҳои табиат вобастабударо чун яроқ дар баромадҳои бемаънии иттилоотии худ истифода намуда, барои паст кардани ғуруру ифтихори миллӣ, ҳувияти тоҷикӣ, фарҳангу таърихи мо кӯшиш менамоянд.
Тавассути ҳувияти баланди миллӣ мо бояд зидди хатарҳои мавҷудаи туркгароӣ, арабигароӣ, аврупогароӣ, миллатгароиву маҳалгароӣ ва дигар мафкураҳои ҷудоиандоз муборизаи беамон барем.
Мо бояд ифтихор намоем, ки тоҷикон таърихи беш аз 6000 сола дошта, то асри 7 пайрави дини зардуштӣ, оини маздоясно, тарғибгарони дини Ислом ва мазҳаби беолоиши ҳанафия ва поягузорони адлу инсоф ва меъёрҳои ҳуқуқии умумибашарӣ маҳсуб меёфтанд. Мо бояд хуб донем, ки мазҳаби ҳанафӣ ба арзишҳои миллӣ ва урфу одатимаҳаллӣ ҳеҷ гоҳ мухолифат надоштанд ва дини ислом шахсро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, аммо экстремистони динӣ баръакс мехоҳанд ба гумроҳӣ, хурофоту ҷаҳолат ва бадбахтиҳо роҳнамун созанд.
Аҷдодони мо тавассути осору ашъор ва иродаи қаввӣ дар имтиҳонҳои сангини таърих тоб оварда, забону ҳувияти тоҷиконаи худро гум накардаанд, мо низ бояд онро ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Ҳамин тариқ, замони муосир аз ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси кишвар донишу маънавиёти баланд, ғурури баланди миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва муборизаи беамон ба хоинони миллату давлатро тақозо менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба халқи кишвар муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки: ҳифзи содиқонаи Ватан, аз манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манфиати давлату миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии тамоми халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳувияти тоҷикона дар шароити имрӯза барои мардуми мо масъалаи калидӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносииМуассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»