ПАРЧАМ ДАР ТАСВИРИ МУАЛЛИФИ СУРУДИ МИЛЛӢ
Гулназар Келдӣ – шоир, муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон доир ба Парчами давлатии Тоҷикистон низ байтҳои ҷаззоб ва пур аз ифтихор сурудааст. Дар ашъораш ӯ аз Парчами миллӣ ёд мекунад ва онро сари баланди мардум номидааст.
Барои шоир Парчам рамзи будани миллат ва нишони ҳастии тоҷикон аст. Миллате, ки аз азал вуҷуд дошта ва соҳиби давлат будааст. Гулназар зодрӯзи таърихии кишварро ба дуриҳои дур мебарад ва «Авесто»-ро Алифбои умеди зиндагии миллат номидааст:
Тоҷикистон!
Ман надонам солу моҳи зодрӯзи ту кадом аст.
Лек медонам, ки доим будаӣ,
Лек медонам, ки доим дар паноҳи чарх хоҳӣ монд.
Дар Авасто хондаам ҳарфи Алифбои умеди зиндаатро,
Субҳи бинои туро ман дидаам дар чашмҳои
хираи пири хуросонӣ,
Парчами ту парфишон аст
аз дами боди ливои ковиёнӣ
Дар мисраи охирони ин шеър шоир аз боди дирафши ковиёни парфишон будани Парчамро гуфтааст, ки ин худ ишора ба таърихи дирафшдорӣ ва парчамдории ниёгонамон мебошад.
Парчам ифодагари халқ ва миллат аст, он на танҳо пораи матоъ аст, балки ҳамвазни қатраи хуни дили ҳар тоҷикистонӣ аст. Дар ин бора ӯ чунин сурудааст:
Дилбари ман,
Кишвари ман,
Кишваре, ки буда марзаш тундии шарёни ман,
Парчамаш хуни дили ман,
Дар нишонаш шӯру савдои сари ман.
Шоир шоҳиди ҷанги бемаънии бародаркуш гаштааст ва дар Парчами давлатӣ, ки соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид, умеди «ман»-ро бо мани калон «МАН» шудан мебинад. Яъне ман, ки дар ин ҷо қаҳрамони лирикӣ на худро, балки тоҷиконро медонад, бояд «МАН» шаванд, инсон ва миллати шинохтаи рӯи олам бошанд. Дар ҳамон солҳои душвор ӯ гуфта буд:
Мон, ки сар орад бурун аз парчами ту
РАНГИ СУРХИ офтоби ман,
Мон, ки бошад иқтибоси парчами ту
СУБҲИ ЛОЗУРИИ умри ман,
Мон, ки бошад имтидоди парчами ту
БАХТИ САБЗИ ман,
Мон, ки «ман» дар сояи лутфи ту
«МАН» бошам!
Дар ин шеър шоир аз Парчам кишвар ранги сурхи Парчамро офтоби сурх, сафедашро осмони лозурӣ – софу беғубор ва ранги сабзро бахти сабз номидааст.
Дар замони Истиқлол дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар пояи бузург Парчами калонҳаҷм рост карда шуд, ки он ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гашта буд. Батадриҷ дар маркази вилоятҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо низ парчамҳои давлатӣ қомат афрохтанд.
Устувор кардани пояҳо барои парфишонии Парчам на танҳо барои зебогӣ ва хушнамудист, балки онҳо боиси ифтихор ва дӯст доштани ин рамзи давлатӣ мегарданд. Чорабиниҳои сиёсӣ ва оммавӣ дар пояи онҳо баргузор мешаванд. Қариб дар ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистони азиз майдони Парчами давлатӣ мавҷуд аст, ки онҳо рамзи пойдории давлат ва миллати мост. Ҷилваи Парчам нишони саодати имрӯз ва роҳи мурод дар оянда аст:
Ҳар гаҳе тирезаамро во кунам,
Рӯ ба рӯ дар ҷилва бинам Парчами поки Ватан.
Аз ҳамон сӯ медамад субҳи муродам беғубор,
Аз ҳамон сӯ мебарояд офтоби бахти ман.
Дар асотири гузаштагонамон мурғи Ҳумой мавҷуд аст, ки онро мурғи бахт ҳам мегӯянд. Тибқи он агар аз болои сари касе сояи мурғи Ҳумой гузарад, ӯ соҳиби бахту иқболи баланд мегаштааст. Аз дидгоҳи шоир маҳз Парчам мурғи бахти тоҷик аст.
Ба сар то Парчами мо парфишон аст,
Парафшон аст мурғи бахти тоҷик.
Ва Истиқлол чун марди забардаст
Нишаста ҷовидон бар тахти тоҷик.
Имрӯзҳо садҳо маротиба шоҳид мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида ғолибият ба даст меоранд. Дар мусобиқаҳои илмӣ ва ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ хонандагони мактабҳо, донишҷӯён сарбаландона ҷойҳои баландро соҳиб мешаванд. Ба ифтихори онҳо Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад.
Шаҳрвандони муқаррарии кишвари азизамон ҳангоми сафарҳои хориҷӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамроҳи худ мебаранд ва боифтихор онро дар назди маконҳои таърихӣ ва ё меъмории хориҷӣ акс мебардоранд. Дар ин аксҳо Парчами Тоҷикистон ҳамроҳи онҳост. Аз як тараф ин нишондиҳандаи он аст, ки худшиносӣ, ифтихори миллии мардум боло рафтааст, аз тарафи дигар Парчами Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар тоҷикистонӣ гаштааст. Парчами болои тоҷик сарбаландӣ аст:
То Парчами мо болост,
Боло сари тоҷик аст,
То болу парафшон аст,
Болу пари тоҷик аст.
Шоир дуруст қайд кардааст, ки Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ боиси парвозҳои баланди тоҷикистониён мегардад ва он болу пари мардуми он аст. Албатта, рамзӣ ва шоирона гуфта шудааст, аммо воқеият ҳамин аст, ки Парчам рамзи парвозҳои баланди аҳли Тоҷикистон мебошад.
Бале, миллате, ки аз сапедадами таърих Дирафши ковиёнӣ дошт, рояту ливо, парчаму манҷуқу туғ дошт, ба қадри Парчам мерасад ва онро ҳамчун нишони ҳастии худ эҳтиром мекунад, ҳамчун муқаддасоти миллӣ чун гавҳараки чашм нигаҳ медорад, медонад, ки Парчам танҳо матои серанга нест, балки он сари баланд, номус ва шарафи ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Исломҷон Раҳимов,
номзади илмҳои филологӣ, устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»