​ҚОМУСИ МУҚАДДАСИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қонуни асосӣ ва санади сарнавиштсоз барои халқи тоҷик аст. Он санаи 6 - уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун асоси давлатдорӣ ва рамзи истиқлолият эътироф шудааст. Маҳз бо қабули Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мавқеи хоси худро ишғол кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки: «Конститутсия ҳамчун Қонуни Олӣ заминаи ҳуқуқии пешрафти ҷомеа буда, бо қабули қонунҳои нав тамоми муносибатҳои иҷтимоиро танзим менамояд».

Ин суханон тасодуфӣ нестанд. Зеро таърих гувоҳ аст, ки ин санади муҳими таърихӣдар давраи хеле ҳассос ва пурташаннуҷи сиёсӣ қабул гардид. Ҳамон Конститутсияе, ки имрӯз амал мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва ба ҷомеаи тоҷик асоси устувори давлатдориро бахшид.

Раванди таҳия ва қабули Конститутсия. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 - уми феврали соли 1992 барои таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Дар охири моҳи апрели ҳамон сол, лоиҳа барои муҳокимаи мардум ба воситаи матбуот пешниҳод гардид. Аммо вазъи сиёсӣ мураккаб шуд: гурӯҳҳои мухолиф пайдо гашта, оромии кишварро халалдор карданд. Аз ин рӯ, муҳлати муҳокима бо қарори Шӯрои Олӣ то моҳи июли соли 1992 тамдид шуд. Мутаассифона, нооромӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ овард ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ муваққатан боздошта шуд.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 1992), ки бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» маъруф аст, таҳияи Конститутсияи нав дубора оғоз ёфт. Бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.Онҳо дар тӯли шаш моҳ ду лоиҳа таҳия карданд: яке бо модели идоракунии парлумонӣ ва дигаре бо низоми президентӣ. Пас аз муҳокима, комиссия шакли президентиро мувофиқтар дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ тавсия дод.13 уми апрели соли 1994 Раёсати Шӯрои Олӣ лоиҳаро ба муҳокимаи мардум фиристод. Дар давоми ду моҳ зиёда аз ҳашт ҳазор пешниҳоди шаҳрвандон ворид гардид. Маҳз ҳамин иштироки фаъолонаи мардум боис шуд, ки ин Конститутсияро қонуни воқеан халқӣ номанд.

6 - уми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд.

Конститутсия тавонист:

- шакли нави давлатдориро муайян намояд;

- сохторҳои идоракунии давлатро бунёд кунад;

- асоси ҳуқуқии сулҳ, ваҳдат ва суботи сиёсиро фароҳам оварад.

- ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф намуда, онҳоро ба сатҳи меъёри давлатӣ бардорад.

- арзишҳои демократӣ, озодии виҷдон, сухан, дин ва матбуотро ба таври возеҳ кафолат диҳад.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Қабули Конститутсия яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини даврони истиқлол аст, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Дар воқеъ, бо гузашти солҳо ин санади арзишманди тоҷик боз ҳам иёри бештареро касб намуда истодааст. ЧунКонститутсия ҳуҷҷатест, ки аввалин бор дар таърихи тоҷикон ҳуқуқу озодиҳои инсонро маркази давлатдорӣ қарор додааст. Ин аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 6 уми ноябрро ҳамчун рӯзи Конститутсия баргузида, тантанавор ҷашн мегиранд. Соли гузашта 30 солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу ҷалоли хоса қайд гардид. Як қатор озмунҳо, аз ҷумла озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола баргузор шуда истодааст, ки ин далели таваҷҷуҳи мардуми тоҷик ба ин санади муҳими таърихӣ аст. Дар бобати Конститутсияи Тоҷикистон, ки сарқонуни ҳаёти мардуми тоҷик аст, садҳо асарҳо эҷод шудааст. Шоирону нависандагон Конститутсияи моро ҳамчун паём аз Куруши Кабир дониставу ҳастияшро ба офтоб шабоҳат додаанд:

Ливои мо шукуҳи осмон аст,

Мадори қомати тоҷик он аст.

Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,

Паёмаш аз Куруши бостон аст.

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,

Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.

Ба ҳикмат ҳамчунон «Қонун»-и Синост,

Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.

Нишони адли Нӯширвонии мост,

Мадори шавкати Сомонии мост.

Ба Сарқонун сару сомони мулк аст,

Ба раҳмат ҳуҷҷати Раҳмонии мост.

Чу Сарқонун ба як маҷмуа пайваст,

Ба ҳар ҷойи ҷаҳон як тоҷике ҳаст.

Чу миллат аз азал аҳли китоб аст,

Фурӯғи ҳастияш чун офтоб аст.


Шаҳнавоз Каримзода,

Нуриддин Абдуллоев,

устодони факултети забонҳои шарқи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ