Зиндагӣ бе хушунат зебост!
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Зиндагӣ бе хушунат зебост” чорабинӣ доир шуд. Ин ташаббус аз ҷониби масъулини бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар доираи маъракаи иттилоотии “16 –рӯзи алайҳи хушунат ва зӯроварӣ” ба роҳ монда шуд.
Муовини ректор оид ба тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи “16 –рӯзи алайҳи хушунат ва зӯроварӣ” як қатор чорабиниҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ идома доранд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, омодасозии онҳо ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила маҳсуб меёбанд.
Гуфта шуд, ки хушунат яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеаи имрӯза мебошад, ки ба ҳаёти шахсӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида, ки дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад — аз хушунати ҷисмонӣ ва равонӣ то иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, метавонад ҳам дар оила ва ҳам дар муҳити корӣ ва ҷомеа ба назар расад.
Таъкид рафт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша иқдом намуда, дар самти таҳкими маърифат ва сатҳи огоҳии донишҷӯён мунтазам ташаббус зоҳир менамояд.
Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳимзода Маҳбуба зимни суханронии худ ба аҳли толор мазмуну моҳият ва ҳадафи аслии маъракаи иттилоотиро шарҳ дод.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ омилҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагӣ, таъсири он ба равони кӯдак ва пояҳои асосии оилаи солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил