​Зан - офарандаи ҳаёти музаффар

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси Шӯрои занони факултет бахшида ба Рӯзи Модарон таҳти унвони “Зан - офарандаи ҳаёти музаффар” чорабинӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур бо иштироки занони собиқадор ва барӯманди донишгоҳ - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Халилова Мавлюда, мураббияи хобгоҳи №2 Абдукаримова Равзахон ва устодону донишҷӯёни факултет доир гардид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон буда, хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони боодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер хидмати шоиста анҷом медиҳанд” – зикр шуд зимни чорабинӣ.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён гуфтор, монолог, шеър, суруди якка дар васфи Зан-Модар шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ