​Зан-ҳастии зиндагӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси Шӯрои бонувон ва духтарон мизи мудаввар бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки занони собиқадор, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён маҳфилро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо шукӯҳи хос ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар саросари мамлакат нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат ва хоса Пешвои хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Таъкид рафт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин санаро ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил мекунанд, ки ин амри тасодуфӣ набуда, балки иқдоме аст, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Дар идомаи маҳфил баромадкунандагон перомуни манзалати зан-модар дар ҷомеа ибрози назар намуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни маҳфил байни меҳмонон ва иштирокчиён мубодилаи афкорсурат гирифт.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз шеъру гуфтор, суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ибратбахш иборат буд, табъи ҳозиринро болида сохт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ