Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризму экстремизм дар Тоҷикистон
Асосгузори сулњу вањдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомали Рањмон дар Паёми навбатии худ ќайд намуданд, ки: имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Дар баробари фароҳам омадани сулҳу субот, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи имрӯза омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор гаштани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ вобаста ба он санадҳои меъёрию ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудааанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ шуморида барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Яке аз сабабњои шомилшавии љовонон ва пайравии љавонон ба њизбу њаракатњои ифротї ин паст будани маърифатнокї аз он љумла маърифати њуќуќї, дарки њуќуќї, эњтиром ба арзишњои умумибашарї ва ќонун ва ќонуният арзёбї мегардад.
Мувофиќи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030ин баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмўӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷўи шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд.
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои Шарќи наздик хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо низ расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ќаблан њам иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар давлатњои Шарќ як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқододи динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб карда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ шомил менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар баъзе аз сомонањои иљтимої мавзуи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона мешаванд, ављ гирифтааст, ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест.
Душманони миллати тоҷик бо ҳар роњу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода гўё тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернет ба аъзои љомеи мо тањдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулњу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “динӣ” инчунин баъзе кирдори афроди ҷиноятпешаро таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзоиш ва густариши экстремизм ва терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.
Мусаллам аст, ки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин сафарбар гардидани шаҳрвандон ба марказҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун падидаҳои хавфнок дар ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.
Бояд зикр намуд, ки аъзоёни ташкилоти террористӣ ин қабил ҷиноятҳоро асосан дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифати динӣ, тарғиби бартарии онҳо аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногунидини Ислом содир менамоянд.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ба андешаи мо, ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин лиҳоз, ошкору бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад.
Тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна таҳдидҳо дар мадди аввали давлату ҳукумат ва қишри ҷомеа қарор мегирад. Дар мубориза ба муқобили ин амалҳои номатлуб зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошанд. Дар баробари мақомоти дахлдор, ки бевосита дар ин самт кору фаолият мебаранд, тамоми қишри ҷомеаро зарур аст, ки дар решакан кардани терроризму экстремизм камари ҳиммат банданд.
Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон экстремизм ҳамчун ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, фаҳмида мешавад.
Ташкилотҳои динї аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятї ва ҳизбҳои сиѐсие, ки нажодпарастї, миллатгарої, хусумат, бадбинии иҷтимої ва мазҳабиро тарѓиб мекунанд ва ѐ барои бо зўрї сарнагун кардани сохтори конститутсионї ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, лекин омилҳое низ ба монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуротҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлолият ва соҳибихтиѐрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Махсусан хавфнок будани терроризм дар он ифода меѐбад, ки асоси онро кўшиши ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани ҳиссиѐти тарсу воҳима фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиѐсати ҳуқуқии ҷиноятии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиѐр, инчунин узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кўтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда як ќатор қонунҳоро қабул кард ва онҳоро мавриди амал қарор дод. Терроризм ба амнияти миллии кишвар таҳдиди воқеӣ дорад: одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, рабудани ҳавопаймоҳо, таркиши бомбаҳо, амалҳои зӯроварӣ дар муноқишаҳои байни халќҳо ва динҳои гуногун мазҳаб таҳдидҳои мустақими татбиқи онҳо ва ғайра. Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар Љумҳурии Тољикистон яке аз муҳимтарин вазифаҳои таъмини амният дар сатҳи давлатӣ ќарор гирифтааст. Тибќи ќонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», амали террористӣ – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ѐ боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаѐти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ѐ ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ѐ таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиѐвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиѐти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаѐт ѐ саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ѐ ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд.
Фаъолияти экстремистї ин фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.
Мо ањли таълим бояд ба донишљўён фањмонем, ки бояд муттањид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасти душманон эмин нигоҳ дорем. Ба донишљўён фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.
Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок, чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Қабл аз ҳама, бояд ҳар як афроди ҷомеа равшан ва амиқ дарк намояд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагиро таъмин намоем.
Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул дињем.
Бобоҷонова Д.Б., Воҳидова Г.А.- муаллимони
кафедраи таърихи халқи тоҷик,
факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуров