​Забони шеъри Рӯдакӣ - забони адабии мост

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии илмӣ-адабӣ доир гардид.

Маҳфили мазкурро муовини декан оид ба илм ва инноватсия Икрамова Масъуда ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро шарҳ дод.

Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти сардафтари адабиёти классикии тоҷик бо забонҳои гуногун маърӯзаҳо ироа карданд.

Таъкид гардид, ки баракати шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт. Ба ишораи сарчашмаҳо Рӯдакӣ ихтироъкори бисёр шаклҳои шеърӣ буда, аз ҷумла рубоиро маҳз ӯ падид овардааст, нахустин тарҳи маснавӣ ҳам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ будааст. “Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирони тоҷику форс ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд, зеро забони соддаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд. Забони сода ва пуртаъсири шеъри Рӯдакиро дар воқеаи таълиф гардидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» мушоҳида карда метавонем”- зикр шуд дар чорабинӣ.

Ҳамзамон, аз ҳаёти устод Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳо ба намоиш гузошта шуд, ки таъсирбахш ва тарбиявӣ буданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ