ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар халқу миллат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин нигоштаву баромадҳои худ ба ин нукта ишора намуда, забонро барҷастатарин ва гўётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат унвон намудаанд.
Забони тоҷикӣ, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми забони давлатӣ эътироф шудааст, аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад. Забони тоҷикии мо давоми мавҷудияти худ чандин санҷишу имтиҳони таърихӣ ва даргириву яѓмои аҷнабиёнро паси сар намуда, аз қаъри торики асрҳо то ба замони мо – асри ХХI ҷон ба саломат овардааст.
Агар гўем, ки дар охири асри ХХ Истиқлоли давлатии тоҷикон бо истиқлоли забон оѓоз ёфт, ҳаргиз ѓалат нахоҳад буд, зеро 22-уми июли соли 1989-ум тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба забони худ мақоми давлатӣ дода, ҳуҷҷатеро бо номи «Қонуни забон» қабул намуданд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Дар доираи ҳамин ибтикор бо дарназардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр Қонуни забон аз нав таҳия гардида, дар таърихи 5-уми октябри соли 2009-ум бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба таъбири дигар, имрўз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дорад.
Дар ин замина, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров» ба сифати як муассисаи нерўманди илмӣ ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ мунтазам ташаббус зоҳир мекунад. Айни ҳол танҳо ба омўзиши масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ дар донишгоҳ 4 доктори илм ва зиёда аз 30 номзади илм машѓул ҳастанд. Дар Шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ давоми соли ҷорӣ 3 рисолаи номзадӣ ва дар Шўрои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 1 рисолаи докторӣ дар самтизабоншиносӣ бомуваффақият ба дифоъ расида, 10 китобу дастури таълимӣ рўи чоп омаданд.
Итминони комил дорем, ки олимону мутахассисони соҳаи забоншиносӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти забон корҳои муҳиму арзишмандеро ба анҷом расонида, дар ин раванд ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гардид.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба муносибати фарорасии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бурдборӣ, хонаободӣ ва тавфиқу комгориҳоро таманно дорем.
Иди забон муборак!
Усмонзода Аюб Ислом,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров