Забон – нишони миллат
Таҳти ин унвон дар кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Ин ташаббус бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 412 бо роҳбарии омӯзгор Раҷабова ба роҳ монда шуд.
Чорабиниро донишҷӯи гурӯҳ Олимаи Кенҷабой ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба забони модарӣ суханронӣ кард.
Донишҷӯён бо истифода аз муаррифӣ бобати пос доштани забони модарӣ ва таърихи забони тоҷикӣ бо се забон ҳарф заданд.
Дар идома аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳ - Ӯрунбоева Фирӯза Раҳмонқулов Рӯзибой, Фатуллоева Ситора, Мансуров Фаррух, Нарзуллои Гулсара ва Қурбонов Мусаввир доир ба забони модарӣ шеърҳо ва гуфторҳо қироат ва ироа гардид.
Ҳамзамон, аз тарафи ровии чорабинӣ суолу ҷавоб, ки доир ба забони модарӣ буд, пешниҳоди донишҷӯён шуда, ҷавонон бо як ҳуввияти миллӣ фаъолона иштирок карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
.