З ҷойи намоён дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон"
Санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар номинатсияи ихтироъкорӣ ҷойи 1-ум насиби донишҷӯи курси 4-уми факултети математика Абдуллоева Раҳимахон (роҳбари илмӣ дотсент Маликов Мумин ), дар номинатсияи фанҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ аз бахши таърих ҷойи якум насиби магистранти курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ Ҳоҷиев Фарҳод (роҳбари илмӣ дотсент Исоматдинов Ҷӯрабек) ва дар номинатсияи илмҳои техникӣ ҷойи дуюм насиби магистранти курси 1-уми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Бурҳонзода Сомон ( роҳбари илмӣ дотсент Домуллоҷонов Аҳмадҷон) гардид.
Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, туҳфа ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад, ки дар он ихтироъкорон ва навоварони ҷавон қадршиносӣ мегарданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил