Вусъати корҳои бунёдӣ дар боғи интенсивии “Хуррамзамин”

Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии "Хуррамзамин"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи мавриди амал қарор додани лоиҳаи бунёди боғи интенсивӣ як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар марҳалаи аввали татбиқи лоиҳа, замин барои боғ омода карда шуда, дарахтони қадпасти мевадиҳанда — аз қабили зардолу, гелос, себ, сиёҳолу ва нок дар масоҳати 2,4 гектар шинонида шуданд. Ин иқдом заминаи муҳимеро барои бунёди боғи интенсивии замонавӣ фароҳам овард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон сохтмони ҳавзи захиравӣ барои об, ки ҳамчун манбаи оби асосӣ барои системаи обёрии қатрагӣ хизмат хоҳад кард, идома дорад. Ҳамзамон, насби қисмҳои асосии системаи обёрии қатрагии автоматики низ оғоз ёфтааст, ки тамоми боғро бо истифодаи технологияҳои сарфакоронаи об таъмин хоҳад кард.
Дар марҳалаи навбатии татбиқи лоиҳа насби филтрҳо ва насос барои тозакунии об ва таъмини фишори лозима дар системаи обёрӣ дар назар аст. Илова бар ин, сохтмони як ҳуҷраи идоракунӣ барои системаи автоматикии обёрӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла насби панели офтобии 5 кВт низ ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳуҷра идоракунии пурраи раванди обёриро тавассути манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин хоҳад кард.
Маврид ба таъкид аст, ки лоиҳаи бунёди боғи мазкур аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ дар масоҳати 2,4 гектар роҳандозӣ шудааст, ки дар он обёрӣ бо системаи қатрагии автоматикӣ татбиқ мешавад. Ин иқдом бо дастгирии ташкилоти байналмилалии ХЕЛВЕТАС амалӣ гардида, ҳадафи он ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои истифодаи самараноки захираҳои об устувор мебошад.
Лоиҳа бо мақсади рушди соҳаи кишоварзии замонавӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва татбиқи технологияҳои нав дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардида истодааст. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Helvetas Swiss Intercooperation роҳандозӣ шудааст.
Лоиҳа ҳамчун як намунаи таҷрибавии замонавӣ барои рушди илм ва амалия дар соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шуда, пас аз анҷоми бунёди боғ он ба як макони муҳим барои баргузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ табдил меёбад. Дар он на танҳо донишҷӯён, балки магистрантон, устодону олимон, деҳқонон ва мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ низ метавонанд таҷрибаомӯзӣ ва таҳқиқоти амалиро дар шароити воқеӣ анҷом диҳанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил