​ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН

29 декабри соли 2025 дар толори калони раёсати Донишгоҳ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон – устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳимми сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди давлатро муайян намуда, барои пешрафти устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири андешаҳои стратегии давлатдорӣ, ғояҳои миллӣ ва роҳнамоҳои амалии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат дақиқ муайян шуда, ба масъалаҳои таҳкими суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди зеҳни сунъӣ, ҳифзи муҳити зист, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ҳамчунин, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шуданд.

Дар идома, вакили Маҷлиси намояндагон Ғулом Ҳалимзода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами сиёсиву иқтисодӣ, нишондиҳандаҳои рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истифодаи самараноки захираҳо мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, онҳо ҳамчун заминаи асосии рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мешаванд.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаро роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо унвон намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтӣ ва самараноки онҳо ба таҳкими иқтидори давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои мутақобила, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва густариши ҳамкории самараноки вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон нақши муҳим мебозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ