Вохӯрии маҷозӣ бо сарварони институтҳои Донишгоҳи Чингдаои Чин

Санаи 18-уми апрели соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ вохӯрии маҷозӣ бо сарварони институтҳои Донишгоҳи Чингдаои Ҷумҳурии мардумии Чин бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора ҷиҳати бастани ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ду тараф дар бораи имкониятҳои муассисаҳои таълимии худ иттилооъ доданд. Сипас, намояндаи Донишгоҳи Чингдао қайд кард, ки шаҳри Чингдао шаҳри стратегӣ ҳам барои СҲШ ва ҳам барои лоиҳаи “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” ба ҳисоб рафта, маҳз дар ҳамин донишгоҳ институти иқтисод ва савдо барои омода кардани кадрҳои соҳавӣ барои пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо байни давлатҳои аъзои СҲШ, соли 2019 таъсис дода шудааст.

Дар давоми вохӯрӣ оиди чанд самти ҳамкорӣ муҳокима ва саволу ҷавобҳои дуҷониба ба миён омад. Муайян шуд, ки ду донишгоҳ метавонанд дар самтӣ мубодилаи академикии донишҷӯён ва омӯзгорн, ташкил кардани маркази базаи илмии муштарак, ташкили курсҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати такмили ихтисос ва таъсиси ихтисоси муштарак дар дараҷаи бакалавр, ҳамкориро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилоои корманди шуъбаи робитаҳои баналмилалии донишгоҳ Қурбонов Самандар, рузҳои наздик оиди ин масъалаҳо боз пешниҳод ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои лозимаи тарафайн ва муҳокимаҳои дақиқ байни ду донишгоҳ баргузор гардида, қарорҳои муайян қабул карда, шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Чингдао хоҳад ба имзо расид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ