​Вохӯрии донишҷӯёни хориҷӣ бо намояндаи РВКД дар вилояти Суғд


Дирӯз тибқи нақшаи ҳафтаинаи шуъба вохӯрии донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ бо намояндаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Исломзода Мутриба - капитани милитсиядар толори раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вахӯрии донишҷӯёни хориҷии факултетҳои мухталифи донишгоҳ аз Узбекистон, Қазокистон, Қирғизистон иштирок доштанд. Исломзода Мутриба суханронӣ намуда, доир ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди мамлакат, ҷавобгарии маъмурӣ ҳангоми вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Дар идомаи мулоқот миёни донишҷӯёни хориҷӣ ва Исломзода Мутриба мубодилаи афкор оид ба қоидаҳои зисту зиндагонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Донишҷӯён ба суолҳои пешниҳоднамудаашон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Қайд карда шуд, ки донишҷуёни хориҷӣ дар ҳолати вайрон намудани қоидахои иқомат дар қаламрави вилояти Суғд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар интиҳо сармутахассиси шӯъбаи РБ Ҷамшед Истамқулов аз ҳозирин даъват намуд, ки қоидаҳои буду бошро қатъиян риоя намуда, бо шуъба ҳамеша дар иртибот бошанд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ