ВОХӮРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 14 майи соли 2025 вохӯрии намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Шодиҷон Розиқов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Кумита, подполковник Диловар Маликзода, муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд, подполковник Абдусамад Шарипов ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр зимни ифтитоҳи вохӯрӣ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани маърифати онҳо аҳаммияти муҳим дорад.

Сипас, подполковник Шодиҷон Розиқов доир ба қоидаҳои бехатарии оббозӣ дар дарёву обанборҳои вилоят маълумот дода, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ҳангоми оббозӣ талаботи бехатариро риоя намоянд. Гуфта шуд, ки дар солҳои 2021-2025 дар ҳудуди вилояти Суғд 236 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 54 ҳолат ба соли 2024 ва 37 ҳолат ба соли 2025 рост меояд.
Ҳамчунин, подполковник Диловар Маликзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу субот барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва вазифаи асосии насли ҷавон омӯзиши илму дониш ва соҳибкасб гардидан аст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, устодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён доир ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»