​Вохӯрӣ: мубориза бо бемориии сироятии ВНМО шарҳ дода шуд

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории сироятии ВНМО вохурииустодону донишҷӯён бо кормандони маркази назоратии давлатии санитарии эпидемиологӣ дар вилояти Суғд, табиб, эпидемиолог-сироятшинос Фирдавс Атҳамов ва мудири шуъбаи маркази ВНМО дар вилояти Суғд Бахтиёр Мирсаидов ташкилу баргузор гардид.

Декани факултет Муқаддас Шарифиён чорабиниро ифтитоҳ намуд. Баъдан, мудири шуъбаи маркази ВНМО дар вилояти Суғд Бахтиёр Мирсаидов доир ба таърихи пайдоиши бемории сироятии ВИЧ СПИД маълумот дод. Зикр шуд, ки тибқи маълумоти Барномаи Муттаҳидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 соларо ташкил медиҳанд. Гуфта шуд, ки аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар одамон ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят ёфтаанд, қи аз онҳо 20 миллион нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.

Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯён гуфтор, намоиши порчаҳои видеоӣ ва саҳнаи тарбиявӣ вобаста ба мавзуъ манзур гардид.

Ҳамзамон, роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ шарҳ дода шуд, то хатари дучоршавӣ коҳиш ёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ