ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дирӯз дар толори хурди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсаду мароми чорабинӣ ҳарф зад ва аҳаммияти чунин мулоқотҳоро дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар вохӯрӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Саидалӣ Бобохонзода ва роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳомидова доир ба нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи демократӣ, мақоми ин ниҳод дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, бахусус, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсон иқдомоти ҷиддӣ андешида, пайваста механизми ҳифзи ҳуқуқҳоро тақвият мебахшад.

Дар вохӯрӣ мавзуъҳои муҳимми ҳуқуқ ба таҳсил, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ