​ВОХӮРӢ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Имрӯз дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ вохӯрии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд Раҳматулло Каримӣ бо деканон, муовинони декан оид ба тарбия, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва афзоиши зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки чунин таҳдидҳо ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохта, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияту суботи кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар ин самт ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем.

Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Раҳматулло Каримӣ баромад намуда, ҳадаф ва аҳамияти баргузории чунин вохӯриҳоро барои аҳли нишаст шарҳ дод. Таъкид гардид, ки мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор мераванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷоннок намудани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои қудратӣ, таҳлили амиқи сабабу омилҳои ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва роҳ надодан ба кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа аз ҳадафҳои асосии баргузории чунин чорабиниҳо маҳсуб меёбанд.

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро дар таҳкими амнияти ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ