​Вижагиҳои таҳияи матолиб барои сомонаҳои иттилоотӣ

Донишҷӯёни соли дуюми ихтисосҳои “Web - рӯзноманигорӣ” ва “Иттилоот ва робита” ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти Маркази иттилоот ва таҳлил ба раёсати донишгоҳ омаданд. Ин иқдомро масъулини кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ бо роҳбарии сармуаллима Зарипова Шаҳноза дар доираи дарси амалӣ аз фанни “Технологияи муосири расонаҳои интернетӣ” ҷиҳати таъмини самаранокии раванди таълим ба роҳ монданд.

Фаридун Ҳодибоев, сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ доир ба самтҳои фаъолияти Марказ маълумот дода, аз ташаббусҳои раёсати донишгоҳ ҷиҳати таъмини фазои иттилоотӣ таъкид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сомонаи донишгоҳ феълан беш аз 20 рубрика фаъол аст, ки дар доираи қолабҳои гуногуни жанрҳои журналистӣ мавод таҳия ва дарҷ мегардад.

Ҷойгоҳи иттилоот дар замони муосир, таъмини робита бо ҷомеа ва аҳамияти он, рисолати бахшҳои иттилоот дар самти таъмини равобити ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки аз ҷониби дотсент Фаридун Ҳодибоев барои донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Дар идома перомуни мавзӯи дарс – “Вижагиҳои таҳияи матолиб барои сомонаҳои иттилоотӣ” Мафтуна Исмоилова, намояндаи Маркази иттилоот ва таҳлил ба донишҷӯён маълумот дод.

Нозукиҳои таҳияи мавод дар сомона, махсусиятҳои истифодаи жанрҳои иттилоотӣ дар сомонаҳои иттилоотӣ, воситаҳои ҷалби хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои расмии муассиса, истифодаи форматҳои муосир ва ҷолиби пешниҳоди мавод дар доираи ин иқдом ба шунавандагон фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба суолҳои худ дар мавриди ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, таъсиси рубрикаҳои махсус барои донишҷӯён дар сомонаи донишгоҳ, таъмини ҳамкории Марказ бо донишҷӯёни эҷодкор посухҳои муфассал гирифтанд.

Дар фарҷом изҳори умед шуд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ аз ҷониби кафедра ба роҳ монда шуда, дар самти таҳкими маҳорати эҷодии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Маркази иттилоот ва таҳлил иқдоми тоза роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ