Varzishtv.tj Мусобиқаи футбол: аз рақобат то ғолибият

https://varzishtv.tj/tj/news/musobi-ai-futbol-az-r...

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба роҳ монда шудаанд, оғоз ёфт. Мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол миёни устодону кормандони факултетҳои донишгоҳ ташкил гардида, дастаҳои бо навбат рақобат доранд.

Танҳо давоми рӯзи гузашта мусобиқаи футбол бо иштироки ҳайати бозингарони шаш факултет ҷараён гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки дастаи бозингарони факултети математика бо дастаи физика-техника сабқат намуда, бозӣ бо натиҷаи 7 бар 1 ба манфиати дастаи математика анҷом пазируфт.

Бо задани се гол ба дарвозаи дастаи рақиб факултети биология ва химия факултети таърих ва ҳуқуқро шикаст дод. Айнан бо чунин натиҷа дастаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бозингарони филологияи русро мағлуб намуда, пирӯзӣ ба даст овард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ