​Усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ: муаммо ва бартариҳо

Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ дар доираи Ҳафтаи илм таҳти унвони “Усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ: муаммо ва бартариҳо” конференсияи донишҷӯён доир гардид.

Ҳадаф аз ташкили конференсияи мазкур шинос намудани донишҷӯён бо усулҳои муосир ва фаъоли таълими забонҳои хориҷӣ ва ҷалб намудани мутахассисони оянда ба самти илммебошад.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо марбут ба усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ бо се забон – тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ироа карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ