​Усули фаъоли таълим дар ҷараёни дарс

Дар факултети филологияи тоҷик бо донишҷӯёни соли якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ дарси намунавӣ гузаронида шуд. Ин ташаббус дар доираи татбиқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси намунавӣ аз фанни забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба мавзӯи имлои феъл бахшида шуд.

Сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Шаҳноза Зарипова ба донишҷӯён доир ба имлои нави забони тоҷикӣ маълумот дода, сатҳи маълумотнокии донишҷӯёнро вобаста ба тағйироти охирони имло таҳким бахшид.

Таъкид гардид, ки донистани имлои забони тоҷикӣ барои рӯзноманигорони оянда муҳим ва зарур буда, ҷиҳати рушди забон замина мегузорад.

Дар доираи дарс аз усули фаъоли таълим истифода шуда, воситаҳои муосири техникӣ ба кор бурда шуд.

Донишҷӯён дар ду гуруҳ тақсим шуда, перомуни мавзӯи дарс байни ҳам табодули афкор намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар тамоми факултетҳои донишгоҳ корбарӣ дар самти доир намудани дарсҳои намунавӣ ҷоннок гардида, дар партави супориши Вазорати маориф ва илм ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот фаъолият тақвият дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ