​Устодони донишгоҳ барои дастовардҳои меҳнатӣ қадр шуданд

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба як қатор устодони донишгоҳ, ки ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудаанд, ифтихорнома, нишон ва дипломҳои дараҷаи номзади илм супорид.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом доктори илмҳои педагогӣ, профессор, декани факултети забонҳои хориҷӣ Абдуллоева Меҳринисо барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ваиштирокифаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Бо чунин ифтихорнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуаллима, муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети забонҳои хориҷӣ Ахмедова Заррина мушарраф шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки сафи дорандагони унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ боз як нафар афзуда, ин навбат номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини декан оид ба корҳои таълими факултети забонҳои хориҷӣ Юсупова Манзураҷон бо Шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ бо истиқбол аз зиёд шудани сафи номзадони илм дар донишгоҳ ба ду нафар омӯзгорон дипломи дараҷаи номзадӣ супорид.



Ба сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ишонова Сабрина бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа ва ба сармуаллимаи кафедраи кори бонкии факултети иқтисодӣ Қурбонова Фирӯза бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас гардидааст, супорида шуд.

Таъкид гардид, ки Қурбонова Фирӯза дар миқёси вилоят аввалин номзади илм – зан аз рӯйи ихтисоси молия, гардиши пул ва қарз мебошад, ки ин барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ боиси ифтихор аст.

Дар идома доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик Ҳасанзода Абдуҷамол барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ - Ибрагимова Дилбар, Сайдуллоев Умедҷон ва Исмоилова Дилафрӯз бо Сипосномаи донишгоҳ қадр шуданд.

Ректори донишгоҳ устодоне, ки бо мукофот ва унвонҳо қадр шуданд, табрик намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ барору пирӯзӣ таманно намуд.

Роҳбари донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори умед намуд, ки минбаъд низ устодони донишгоҳ бо дастовардҳои тоза ва наҷиб барои баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ ва таъмини рушди донишгоҳ саҳми муассир мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ