​Ҳусни баёни омӯзгор

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарси кушоди намунавии устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Юнусова Зебо доир гардид. Дарси кушод аз фанни Ҳусни баён бо донишҷӯёни курси якуми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур ба мавзуи "Омилҳои самаранокии ташкили дарс" бахшида шуд.

Дар раванди дарси лексионӣ омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуд.

Ҳамзамон, воситаҳои аёнии таълим - воситаҳои электронӣ, аёниятҳои худсохт ва адабиётҳои иловагии олимони ватаниву хориҷӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба сифатнокии дарс замина гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ