​Ҳуқуқи инсон аз ҳама волост

Перомуни ин мавзуъ бо ташаббуси кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар доир гардид. Ин иқдомро донишҷӯёни гурӯҳи 307 бо роҳбарии сармуаллима Сайфитдинова Мунира ба роҳ монданд.

Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯён маърӯзаҳо манзур карда, оид ба мавзӯи меҳварии ҷамъомад саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён кори гурӯҳӣ гузаронида шуда, дар он донишҷӯён ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд ва фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷом лавҳаи видеоӣ, ки аз тарафи ташкилоти СММ дар доираи “Лоиҳаи ҳифзи ҳуқуқи зан” сабт шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ