Тренинг: “Тамоюли рушди шабакаҳои мобилӣ”
Дар озмоишгоҳи кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ аз ҷониби сардори шӯъбаи идоракунии радиошабакавии ширкати Tcell Низомиддинов Анвар тренинг гузаронида шуд. Тренинги мазкур ба мавзӯи “Тамоюли рушди шабакаҳои мобилӣ” бахшида шуда, дар он донишҷуёни курсҳои болоӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ ҷалб гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки худи Низомидинов хатмкардаи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ буда, дар ширкати Tcell ба ҳайси сардори шуъбаи идоракунии радиошабакавӣ фаъолият дорад. Дар доираи тренинг донишҷӯён мубодилаи афкор намуда, перомуни мавзӯи мавриди назар андешаҳои худро иброз намуданд. Гуфта мешавад, ки ташкили чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил