Тоҷикона либос мепӯшем!
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар факултети санъати тасвирӣ ва технология нишасти навбатии маҳфили “Ҷамъи хубон” дар мавзӯи “Тоҷикона либос мепӯшем” гузаронида шуд.
Декани факултет Ҷӯраева Хайриҷон таъкид намуд, ки либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос, хонаву палос». Либос дар ҳамон вақт одамро зеб медиҳад, ки шинам, мувофиқ ва мутобиқ ба фарҳанги миллӣ бошад.
Гуфта шуд, ки вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад” – таъкид гардид дар маҳфил.
Аз духтарон даъват ба амал оварда шуд, ки фарҳанги миллиро эҳтиром намуда, ба либоси миллӣ арҷ гузоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил