Тоҷикистон, парчамат поянда бод!
Ин унвони чорабинии адабӣ-фарҳангӣ буд, ки бо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумӣ дар хобгоҳи №3 доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба чорабинии мазкур донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси забони технология ҷалб гардида, иқдоми мазкур ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 –солагии таъсисёбии кафедраи педагогикаи умумӣ роҳандозӣ гардид.
Омӯзгори ҷавон Ғаниева Фарзона дар бораи хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эҳёи давлати навини тоҷикон ва дастовардҳои замони истиқлол суханронӣ намуд.
Таъкид рафт, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби бузурги давлатдорӣ буда, Тоҷикистони навин маҳз бо сарварии шахсияти барҷастаи таърихӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳву парокандашавӣраҳоӣ ёфта, ба як кишвари ободу зебо, пойдору устувор ва тинҷу ором табдил ёфт.
Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён шеъру гуфтор қироат намуда, саҳнаи тарбиявӣ ва муаррифиву ролик намоиш дода шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил