​Тоҷикистон - кишвари зебои ман

Бо иқдоми факултети забонҳои хориҷӣ дар хобгоҳи №3 таҳти ин унвон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус аз ҷониби омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Зоидова бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 103 ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ устодони кафедра ва донишҷӯдухтарони хобгоҳи №3 иштирок намуданд. Донишҷӯён оид ба шахсиятҳои бузурги халқи тоҷик, хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, роҳи тоҷикон дар самти таъмини сулҳ ва дастовардҳои замони истиқлол баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар мавзӯи Ватан ва ватандорӣ шеърҳо қироат шуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ