​Технологияи сохтани армуғонҳо бо намуди гуногуни ҳунармандӣ

Дар кафедраи технология ва методикаи таълими он дарси кушоди сатҳи донишгоҳ доир шуд. Дарси мазкур аз ҷониби дотсент Дадобоева Муҳаррам аз фанни Ҳунарҳои халқӣ дар мавзуи “Технологияи сохтани армуғонҳо бо намуди гуногуни ҳунармандӣ” баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур барои донишҷӯёни гуруҳи 405 ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ гузаронида шуда, дар раванди дарс аз воситаҳои фаъоли муосири таълим васеъ истифода шуд.

Истифодаи самараноки тахтаи синфӣ, муаррифӣ, намудҳои айёнӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён сифати дарсро таъмин намуд.

Омўзгор бисёртар аз усули фаҳмондадиҳӣ, намоишдиҳӣ ва интерактивӣ истифода бурда, бо мисолҳову ҷадвалҳои амиқ ва аёният мавзуъро барои донишҷӯён шарҳ дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ