​Татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»

Ин навбат мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бо сардорони гуруҳи академикӣ дар бинои таълимии №1 сурат гирифт. Ректори донишгоҳ дар мавриди таъмини рушди равандҳои фаъолият ва нақши донишҷӯён дар самти таҳкими нуфузи донишгоҳ ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи миллат ва давлат буда, рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба сатҳи маърифат ва заковати онҳо вобаста мебошад.

Дар доираи мулоқот масоили марбут ба тарбияи ватандӯстии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро барои иштирокчиён шарҳ дода, таъкид дошт, ки қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи самараноки қонуни мазкур тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, ташаббусҳои муҳим дар шакли чорабиниҳои мухталиф: конференсия, ҳамоиши илмӣ, семинар, мизи мудаввар идома дорад.

Таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар равандҳои фаъолияти донишгоҳ зимни баромади Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ таъкид шуд.

Ҳадаф аз мулоқоти мазкур таъмини рушди раванди тарбия дар донишгоҳ ва мусоидат ба натиҷаҳои назарраси фаъолият маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ