ТАТБИҚИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҷиҳати мутобиқсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба талаботи замони муосир дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иқдомоти нав амалӣ мегарданд.
Тибқи қарори Шурои олимони донишгоҳ, сохтори як қатор кафедраҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таълим ва тадқиқот, ҳамзамон мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ ба бозори муосири меҳнат такмил дода шуд.
Аз ҷумла, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар заминаи таъсиси ихтисосҳои нав - «Зеҳни сунъӣ», «Веб-дизайн ва графикаи компютерӣ» ва «Технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия» номи кафедраи «Барномарезӣ» ба «Барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ» ва кафедраи «Системаҳои бисёршабакавӣ ва телекоммуникатсионӣ» ба “Технологияҳои рақамӣ-инноватсионӣ” иваз шуданд.
Ҳамзамон, дар факултети иқтисодӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва мутобиқ гардонидани таълим ба талаботи бозори рақамӣ кафедраи «Идоракунии иқтисодӣ ва маркетинг» ба «Иқтисодиёти рақамӣ ва менеҷмент» табдили ном кард.
Татбиқи ин иқдом имкон медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ бештар ба самтҳои инноватсионӣ ва менеҷменти рақамӣ мутобиқ гарданд ва сифати омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони рақамӣ баланд бардошта шавад.
Маврид ба таъкид аст, ки чунин тағйирот ба рушди пойгоҳи илмӣ-таълимии донишгоҳ мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, то донишҷӯён бо донишҳои муосир ва малакаҳои рақобатпазир вориди бозори меҳнат гарданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил