​Ташрифи шарикони лоиҳаи ERASMUS+DEICDE «Рушди хизматрасонии таҳсилотӣ ба маъюбон» ба донишгоҳ

Як гуруҳ шарикони лоиҳаи ERASMUS+DEICDE таҳти унвони «Рушди хизматрасонии таҳсилотӣ ба маъюбон» ба факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Гуруҳи мазкур дар ҳайати намояндагони донишгоҳи “Дрезден” - иОлмон, “Крит”- иЮнон, “Трансилвания Брошов” -и Руминия, “Мидлсекс”- и Англия ва “Донишгоҳи Лимерик”- и Ирландия бо сарварии ҳамоҳангсози кулли лоиҳа, профессор Анжела Рапанович аз факултет боздид намуда, бо устодоне, ки дар доираи лоиҳа ҳамкор буданд, мулоқот анҷом доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ аз аҳамият ва нақши лоиҳаи ERASMUS+DEICDE таҳти унвони «Рушди хизматрасонии таҳсилотӣ ба маъюбон» таъкид намуда, доир ба натиҷаҳои судманди лоиҳа дар самти таъмини дастрасии маъюбон ба таҳсилот ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки барномаи ERASMUS+ дар баробари дигар соҳаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ташкил ва рушди таълим барои маъюбон тавассути дастгирии лоиҳаҳои гуногуне, ки аз ҷониби донишгоҳҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ пешниҳод шудаанд, диққати махсус медиҳад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли сеюм аст, ки дар лоиҳаи ERASMUS+DEICDE «Рушди хизматрасонии таҳсилотӣ ба маъюбон» ҳамчун шарик ширкат меварзад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ҷиҳати татбиқи таҷрибаи беҳтарини донишгоҳҳои шарики аврупоӣ оид ба таълими шахсони дорои маъюбият бо мақсади фароҳам овардани маълумоти касбӣ ва салоҳиятдор зоҳир мешавад.

Профессор Усмонзода Аюб таъкид дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан 76 нафар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд таҳсили илм доранд, ки ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ ва ғамхории раёсат қарор доранд.

Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба масоили таъминишароити таълими донишҷӯёни маъюбии дараҷаҳои гуногун дар донишгоҳ, фароҳам овардани шароити махсус барои гирифтани таҳсилоти шоиста ва тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос аҳамияти хос дода шуда, дар ин самт силсилаи тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи ташрифи шарикони лоиҳаи ERASMUS+DEICDE таҳти унвони «Рушди хизматрасонии таҳсилотӣ ба маъюбон» ба як қатор устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар лоиҳаи мазкур ҳамкор буданд, сертификат тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ