Ташрифи Сафири Фаронса ба донишгоҳ
Ҳафтаи сипаригашта Сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл, масъули бахши фарҳанг ва таҳсилот Жюли Оффрэ Кариу, директори маркази фарҳангии Фаронса дар вилояти Суғд Муқим Темуров ва мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд Муродзода Хуршед ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Меҳмононро ректор Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, муовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Давлатзода Рухсора, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Истамқулов Ҷамшед ва дигар кормандону масъулин қабул намуда, сӯҳбати самимиву бисёр муфид баргузор намуданд.
Ректори Донишгоҳ сараввал Сафири тозаинтихоби Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёлро барои расидан ба ин мансаб шодбош намуда, қадомаҳои эшонро ба Тоҷикистон ва Донишгоҳ хайромақдам намуданд. Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон, ин пеш аз ҳама боздид дар яке аз қӯҳантарин ва бузургтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки таърихи зиёда аз 90 сола дораду номи олими шарқшинос, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро дорад, мебошад. Гузашта аз ин, боздид аз ҷараёни дарс ва мустаҳакм намудани риштаҳои байни донишгоҳ, вусъти таълими забони фраснсузӣ дар Донишгоҳ, ба роҳ мондаи мубодилаи академикии донишҷӯёну устод ва ғайра маҳсуб меёбад.
Ректори донишгоҳ ба ҳозирин донишгоҳро муаррифи намуда, аз таърихи бою таҷриба ғанӣ, имкониятҳову муваффақиятҳо, дастовардҳову комёбиҳои ба дарст овардааш сухан карда, махсусан таъкид намудад, ки аввалин бор дар таърихи зиёда аз 90 солаи донишгоҳ омӯзиши забони фаронсавӣ аз соли хониши 2021 – 2022 сар карда ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол зиёда аз 40 нафар донишҷӯён дар ду ихтисоси факултаи забонҳои шарқ “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ” дар гурӯҳҳои арабӣ-фаронсавӣ ва форсӣ-фаронсавӣ забони фаронсавиро ҳамчун дуюм забони хориҷӣ меомӯзанд ва бо фарҳанги Фаронса ва дигар халқҳои фаронсазабон шинос мегарданд. Ин барномаи хониш панҷсола буда, он мутахассисони ҷавонро ҳамчун тарҷумон, роҳбалад – гид, ҳамкори барномаҳои фарҳангӣ барои сохторҳои гуногун тайёр мекунад.
Ба ғайр аз омӯзиши забони фаронсавӣ, донишгоҳ бо ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд “Алянс Фронсэзи Хуҷанд”, ҳар сол Ҳафтаи забони фаронсавӣ, Озмуни забони фаронсавӣ, Маҳфилҳои забони фаронсавӣ ва дигар чорабиниҳоро ташкил мекунад.
Қайд гардид, ки Донишгоҳ бо Донишгоҳи Экс-Марсели Фаронса шартномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки он ба рушди омӯзиши забони форсӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Мувофиқи ин шартнома донишҷӯёни фаронсавие ки забони форсиро меомӯзанд метавонанд барои такмил ва таҷрибаи забони форсӣ ба донишгоҳ сафар намоянд. Ҳамчунин корҳои илмӣ байни олимони ҳарду донишгоҳ дар соҳаи омӯзиши забон ва фарҳанги форсӣ пешбини шудаанд.
Сафири Фаронса дар навбати худ ба роҳбарияти донишгоҳ барои пазирои гарму самимӣ изҳори сипосмондӣ намуда, қаноъатмандии сафоратро ҷиҳати ҳамкориҳо бо догнишгоҳ иброз намуд. Қайд гардид, ки Сафорат рушти барномаи ҳозираи фаронсавиро дар факултаи забонҳои шарқ ҳаматарафа дастгирӣ мекунад. Ин дастгирӣ ҳам ба воситаи фароҳам овардани маводҳои омӯзишӣ ва ҳам ба воситаи таклифи омӯзгорони соҳибзабон ба доишгоҳ ҷой мегирад. Дар соли хониши 2023 – 2024 ду нафар мутаххасисони соҳибзабон – Гиём Лэжэғ ва Виктор Жиоржис ба донишгоҳ сафарбар карда шуд ва онҳо дар донишгоҳ фаъолият мебаранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати боз ҳам пурқувват намудани кор дар самти ҳамкориҳо бо дигар донишгоҳҳои Фаронса шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Ҷиҳати сафарбар намудани муҳассили донишгоҳ ба донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар доираи барномаи мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон чораҳои муҳим андешанд.
Сафири Фаронса аз ҷониби сафроат якчанд адабиётҳои илмиву таълимии тозанашро ки барои омӯзиши забони фаронсавӣ нигаронида шудааст ба донишгоҳ тӯҳфа намуд.
Дар охир меҳмонон бо умеди ҳамкориҳои судманди минбаъда ва як қатор таклифу пешниҳодҳо, ки барои рушди ҳамаҷонибаи забон ва фарҳанги фаронса нигаронидашудааст, хайру хуш намудаад.
Маркази иттилоот ва таҳлил