Ташрифи ректори донишгоҳ ба факултетҳо
Субҳи 18-уми апрели соли равон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб ба факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус, геоэкология ва туризм ташриф оварда, аз ҷараёни таълим дидан намуда, бо устодон ва собиқадорон мулоқот доир намуд.
Ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҳамроҳӣ намуда, супоришҳои Пешвои миллат, масъалаҳои дар мушовараи Вазорати маориф ва илм баррасишуда ва дастурҳои Раиси вилоятро бо устодон баррасӣ намуданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб бо устодон суҳбат барпо намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ташкили мониторинги сифати таҳсилот дастуру супоришҳои махсус дод.
Ба ректори донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат дар факултет осорхонаи Бобоҷон Ғафуров ташкил гардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҳамчунин, ректори донишгоҳ ба факултети филологияи рус ташриф оварда, аз ҷараёни машғулиятҳо дидан намуд. Дар ин асно бо устодон мулоқоти озод анҷом дода, қайд намуд, ки дар ҷомеаи муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондонӣ аҳамияти хосаро касб намуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият маҳсуб меёбад.
Сипас, устодон ба сухан баромада таъкид доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароитҳои мавҷуда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, забондон ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат кӯши талоши худро равона хоҳанд намуд.
Дар идома профессор Усмонзода Аюб ба факултети геоэкология ва туризм ташриф оварда, аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳи таълимӣ-таҳлилӣ, осорхонаи минералҳо ва ҷинсҳои куҳӣ дидан намуданд. Роҳбари донишгоҳ ба устодон супориш дод, ки мониторинги сифати таҳсилотро дар факултет роҳандозӣ намуда, аз сатҳи азхудкунии дониш ва сифати таҳсилот ба раёсати таълим гузориш диҳанд. Гуфта шуд, ки мониторинги сифати таҳсилот дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуда, натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм ирсол карда мешавад.
Зимни суҳбат бо устодони факултет профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки дар доираи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” устодону олимон бояд саҳми арзишманд гузоранд ва донишҷӯёнро дар роҳи эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкорию навоварӣ роҳнамоӣ намоянд.
Дар фарҷом устодон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои зикршударо дар раванди таълим амалӣ намуда, дар омода намудани мутахассисони баландтахассус ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат саҳми арзишманди худро хоҳанд гузошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил