​ТАСДИҚИ ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ: ДАСТОВАРДИ НАВИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

Бо фармоишҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодони Донишгоҳ ба гирифтани дараҷаҳои баланди илмӣ — доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) сазовор дониста шуданд, ки ин боз як далели рушди иқтидори илмии муассиса маҳсуб меёбад.

Дар ин замина, дотсенти кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳ Зайтметов Хусан дараҷаи илмии доктори илмҳои психологӣ аз руйи ихтисоси 19.00.01-Психологияи умумӣ, психологияи шахсият, таърихи психологияро соҳиб гашт.

Ҳамзамон, Ҳакимҷонзода Мушараф ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз руйи ихтисоси 25.00.30 - Метеорологӣ, иқлимшиносӣ, агрометеорология, Абдулазиззода Муборак, Мирмаматова Манижа, номзади илмҳои педагогӣ аз руйи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот ва Шарифзода Омина номзади илмҳои педагогӣ аз руйи ихтисоси 13.00.02-Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.04-Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ (забони тоҷикӣ) шарафёб гардиданд.

Дар баробари ин, Абдуализода Дилфуза аз руйи ихтисоси 6D091100-Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (6D091101.02-соҳаи илмҳои география), Шукурзода Зайнура аз руйи ихтисоси 6В021400-Адабиётшиносӣ (6D021401 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) ва Азимӣ Истадҷон аз руйи ихтисоси 6D010200-Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (60010201-Назария ва методикаи таълими ибтидоӣ) ба гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) сазовор дониста шуданд.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ устодонро бо ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодии онҳо муваффақиятҳои навро таманно менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ