ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ МАОРИФ БО ШАРОФАТИ ҒАМХОРИҲОИ ҲАМЕШАГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Шукри бепоён, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф пешравиҳои бузург ва сифатан нав ба вуқуъ пайваст. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Президенти кишвар соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назорати қатъӣ ва пуштибонии ҳамешагии худ қарор додаанд.

Бо баробари давраи системаи глобалии ҷаҳонишавии маориф, бисёре аз давлатҳои пешрафтаи дунё руй ба услубҳои ҷадид ва навовариҳо овардаанд. Бо ташаббус ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар соҳаи маориф дар ҷори намудани навовариҳо Тоҷикистон мақоми намоёнро ишғол менамояд. Ин раванд сол аз сол беист вусъат ёфта, дар кишвар ҳадафҳо ва мақсадҳои бузург баҳри беҳбудии сифати таълиму тарбия роҳандозӣ гардида истодааст. Мақсади асосии навгониҳои соҳа дар Тоҷикистон мутобиқати системаи илму маърифат бо ҳаёти нави иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти кишвар таъмир ва ба истифода додани хобгоҳҳо барои духтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва унвонҷӯёну аспирантҳо, бунёди «Шаҳраки донишҷӯён», сохтмони факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, сохтмони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони Филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Данғара, сохтмони Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сохтмони хобгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, сохтмон ва ба истифода додани бинои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, азнавсозии бинои Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ба анҷом расонида шуданд, ки ин ҳама аз дастовардҳои назарраси даврони Истиқлол ба шумор мераванд.

Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф бунёди мактабҳои таълимӣ, ифтитоҳи мактабҳои нави муосир, (гимназия литсейҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ), мактабҳои хусусӣ, таҷдиду барқарорсозии таълимгоҳҳои мавҷуда садҳо маротиба афзоиш ёфта истодааст. Таъсиси мактабҳои Президентӣ, литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат аз дастовардҳои ин соҳа ва ғамхории Сарвари давлат аст. Шумораи мактабҳои олӣ низ бо сиёсати маърифатпаваронаи Президенти кишвар хеле афзудааст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёда аз 200 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 18 млн. нусха ба маблағи умумии 72 млн. сомонӣ ба нашр расид. Дар ин давра чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии тоҷикӣ ба анҷом расонида шуд.

Таъсиси Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» бунёди Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн аз иқдомоти неку бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2010 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантҳо муқаррар гардидааст.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми феврали соли 2006 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шудаст. Дар асоси фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф ва 5 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ИМА муайян гардидааст. Ба мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти илмӣ бо кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис дода шудаст.

Натиҷаҳои илмие, ки олимони Академияи илмҳо дар дарони соҳибистиқлолӣ таҳти пушибонии Президенти кишвар дар соҳаҳои математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, табиатшиносӣ, геология, масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт, демография ва ҳуқуқ ба даст оварданд, аз қобилияту имконоти зиёди илми тоҷик шаҳодат медиҳанд. Робитаҳои илмии байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ, махсусан бо муассисаҳои илмии давлаҳои Россия, Австрия, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, ИМА ва давлатҳои аъзои ИДМ таҳким пайдо карданд, ки ин низ аз навгониҳои даврони истиқлол ба шумор меояд. Академияи миллии илмҳо узви баробарҳуқуқи Ассосиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассосиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ ва Шурои байналмилалии марказҳои илмӣ гардидааст. Яке аз стратегияи муҳим дар соҳаи маориф, ба масъалаҳои тайёр кардани мутахассисони ҷавони илмӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳоло дар муассисаҳои илмии Академия беш аз 250 нафар рисолаи номзадӣ ва беш аз 120 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии афзалиятнок, бо таваҷҷуҳи Президенти кишвар эълон гардида, дар солҳои охир барномаи давлатии дарозмуҳлати рушди маориф ва илми Тоҷикистон қабул гардидааст. Вобаста ба самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудани соҳаи маорифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаро мунтазам зиёд намудааст.

Таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф чун дигар самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба рушду навгониҳои бузург ноил гардид.

Н.Эшонова,

дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои

халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайни

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ