Ташаббуси нек: Аёдати собиқадори соҳаи матбуот Зебо Абдуллоева
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик собиқадори соҳаи рӯзноманигорӣ, собиқ сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии “Нури маърифат” Зебо Абдуллоеваро аёдат намуд.
Ин иқдом ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои мавсуф дар самти таъмини сифатнокии нашрия давоми фаъолияти сармуҳаррирӣ ба роҳ монда шуд.
Профессор Аюб Усмонзода аз саҳми шоистаи Зебо Абдуллоева дар роҳи таҳкими мазмун ва муҳтавои нашрия, зиёд шудани шумораи ихлосмандон, ҷорӣ намудани навгониҳои ҷолиб ва муфид дар нашрия таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки Зебо Абдуллоева давоми фаъолияти сармуҳаррирӣ ба рушди фаъолияти нашрияи “Нури маърифат” замина гузошта, ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи он нақши бориз гузоштаанд.
Ба мавсуф номаи сипоси роҳбарияти донишгоҳ ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтан аз Рӯзи матбуоти тоҷик силсилаи ташаббусҳои судманд идома дошта, аёдати собиқадорон, чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ аз зумраи ин ибтикор унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил