Таърихи ташаккули терроризм дар замони муосир
Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд (У.Пакер). Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд (И.Александер). Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
А.А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1 то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар ё “сику” шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.
Дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-и милоди Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимолии шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиётҳои худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, руҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомул мулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд.
Сиёсатшиносон терроризмро дар замони нав ва навтарин ба чор ҷараён ҷудо менамоянд: 1. Дар робита бо паҳншавии идеяҳои инқилобӣ, ки солҳои 1880-ум дар Русия, Аврупо ва баъдтар дар Амрикои шимолӣ ба миён омадааст (Халқчиёни рус, фенҳои ирландӣ). 2. Дар робита бо ҳаракатҳои зиддимустамликавии миллӣ озодихоҳии (асри ХХ). 3. Дар робита бо фаъолияти “чапҳои нав” дар солҳои 1970 –ум. 4. Дар алоқаманди бо глобализатсия, ки дар охири солҳои 70-ум ба миён омада, то имрӯз идома дорад (масалан, терроризми динии муосир).
Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.
Мавзӯи мазкурро таҳлил намуда, ба масъалаи дигар рӯ ба рӯ мегардем, ки имрӯзҳо дар доираи матбуоти даврии Ғарб, ба таври васеъ дар мавриди бо ҳам шарик будани дини ислом ва амалиёти экстремистӣ-террористӣ менависанд. Инчунин, сурат гирифтани ҳолат, аслан амали тарғиботи ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо аз дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самараноки кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.
Дар моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” омадааст, ки “Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёсӣ ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.”
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Экстремизм аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад.
Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.
Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; – сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; – дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; – фаъолияти дини муболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Маҳз хоинони миллат низ ба монанди М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба фиреб намудани мардуми Тоҷикистон даст зада, садҳо ҷавонони Тоҷикистонро гӯё барои таҳсил, вале дар асл барои ҷанг ба хориҷи кишвар сафарбар намуда буданд, ки қисми зиёди онҳо бедарак гаштанд. Айни замон дар қайди ҳаёт будани онҳо маълум набуда, наздиконашон онҳоро ҳамеша бо гиря ёд мекунанду халос.
Вобаста ба он, ки ҳоло ҳам ин хоинони миллат аз мақсадҳои худ даст накашида, ба воситаи баромадҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми моро фиреб намудани мешаванд бояд мо ба суханҳои ин иғвогарон ҳаргиз бовар накунем. Зеро онҳо баъди содир намудани чунин ҷиноятҳо аз худ мусичаи бегуноҳе сохтанӣ мешаванд. Вале хушбахтона мо онҳоро хуб мешиносем ва ҳаргиз намегузорем, ки ин хоинон ба мақсадҳои нопоки худ расанд.
Барои пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти ҷавонону наврасон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем
Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалӣ Рањмон ќайд кардаанд “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.
Таҳлилгарон аввалин нафари қурбоншуда дар натиҷаи амалҳои террористӣ падари Искандари Мақдуниро медонанд, ки соли 340 - и пеш аз милод аз сӯи яҳудон сурат гирифта буд. Сабаби ин воқеа нобаробариву ноадолатии дохилӣ, тезутунд гаштани муносибатҳо ва ҷудоихоҳиву зулми як халқ болои халқи дигар гуфта мешавад.
Терроризм дар кишварҳои шарқӣ бештар бо номи Ҳасан ибни Сабоҳ дар замони Салчуқиҳо (асри XI) тавъам аст. Аввалин ҳадафашон куштори муаззин Соваҷӣ дар Исфаҳон буд. Доираи фаъолияти онҳо, ки дар Эрон маскан гирифта буданд, аз Сурия то Либия доман паҳн карда, асосан ҳокимону давлатдорон ва пешвоёнро суиқасд мекарданд. Аз ҷумла, дар куштори ғолиб Арсалон, Низомулмулк, Кант Раймонди 2 ва Марк Конрад (шоҳи Урш) ин гурӯҳ даст дошт.
Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико (Олами нав) пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Соли 1493 Христофор Колумб эъзомияи (экспедитсияи) дуюми худро дар Олами нав ба роҳ монд. Вай ба ин ҷо ғайр аз баҳрнавардон ва коҳинон теъдоди зиёди сагҳоро низ овард. Ин сагҳо барои ҳуҷум ва хӯрдани одамон махсус парвариш мешуданд. Дар рафти эъзомия куштори сартосарии мардуми маҳаллӣ сурат гирифт. Христофор Колумб аз пайи ҷустуҷӯи тилло шуда, ҳамзамон, ҳиндуҳои Амрикоро ҳамчун ғулом мефурӯхт. Мувофиқи қонуне, ки интишор ёфта буд, ҳиндуёни аз 14 - сола боло бояд ҳар се моҳ андоз месупурданд. Дар ҳолати напардохтани андоз ангуштони дастонашонро мебуриданд. Соли 1598 дар як эъзомияи навбатӣ дар тӯли се рӯз 800 нафар ҳинду кушта шуд ва пои чапи мардони аз 25 - сола болоро бурида партофтанд. Занҳои ҳомиларо кушта, тифлҳоро аз батни онҳо берун оварда, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳазорҳо ҳиндуи Амрико ба ҳалокат расид, ки даҳшатноктарин амалиёти террористии он замон ба ҳисоб меравад.
Жирондистҳо ва якобинчиёни Фаронса соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазиронро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрав иваз кунад. Онҳо ин мафҳумро ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ нисбати худ истифода мебурданд, ки тобиши маъноии мусбат дошт. Аммо ҳангоми инқилоби Фаронса ин мафҳум тобиши манфӣ пайдо кард. Аз ин ба баъд, то имрӯз терроризм маънои ҷинояткориро гирифта, тамоми ҷанбаъҳои гуногуни дорои фишор ва зӯровариро ифода мекунад.
Охири асри XIX ва аввали асри XX шакли дигари терроризм – терроризми динӣ зуҳур кард. Ин шакли терроризмро терроризми динӣ - мазҳабӣ ҳам ном мебаранд. Асоси ин навъи терроризмро тобиши сиёсӣ - идеологӣ додани дини ислом ташкил медиҳад, ки асосгузорони нахустини он Имом Ҳанбал, Ибни Таймия ва Абдуваҳҳоб бо шиори “бозгашт ба Қуръон” мебошанд. Онҳо нахустин шуда, ба дини ислом тобиши сиёсӣ доданд ва онро ҳамчун идеологияи давлатдорӣ муаррифӣ карданд, ки мақсадашон бозгашт ба аҳди паёмбар Муҳаммад (с) ва бунёди хилофати исломӣ буд. Ин андешаро бунёдгароёни муосир Ҳасани Бано, Саид Қутб, Мавдудӣ ва Ҷамолиддини Афғонӣ дар асри XX бо шиори “ба пеш бо Қуръон” такмил дода, ба таъсиси шабакаҳои террористии байналмилалӣ бо мақсади эҳёи хилофат ва бунёди давлати исломӣ замина гузоштанд. Гурӯҳҳои террористие, ки имрӯз дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ ва шимоли Африқо ба амалҳои гуногун даст мезананд ва сабаби нооромиву даҳшатҳои нотакрори тарихӣ гаштаанд, сарчашмаашон ҳамин мактаби идеологӣ аст.
Ҳамин тариқ, аз солҳои 70 - уми асри XX доираи фаъолияту амалҳои террористӣ хеле густариш пайдо карда, хусусияти фаромиллӣ касб намуд ва дар ҳамин давра мафҳуми терроризми байналмилалӣ ҳам ба вуҷуд омад, ки акнун на ба як давлат ё минтақа, балки ба кулли кишварҳои олам таҳдид мекунад.
Дар замони муосир бошад, ҳама гуна шакли терроризмро дучор омадан мумкин аст, вале терроризми миллӣ - нажодӣ ва динӣ - мазҳабӣ бештар фаъол аст. Барои онҳо дигар сарҳади давлативу қитъавӣ аҳамият надорад. Дурнамои фаъолияти онҳо кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, пайравони терроризми динӣ - мазҳабӣ гумон доранд, ки мақсадашон барпо кардани хилофати исломист. Вале муассисон, маблағгузорон ва роҳбарони ин гуна гурӯҳҳо хуб медонанд, ки барои таъсиси чунин хилофат ягон имконият вуҷуд надорад. Баръакс, дар паси ин ташкилотҳо қавму миллатҳои нажодпарасти бузурги ҷаҳонӣ меистанд, ки ҳадафҳои мушаххасу дарозмуддати стратегӣ доранд.
Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад
Дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Мусаллам аст, ки хайр ҳамеша болои шар бартарият дорад. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавон бине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каждум»-ро пеши назар меоварад. Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором.
Дар байни муҳаққиқон доир ба пайдоиши терроризм ақидаҳо гуногун аст. Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай анҷом дода шуд. У. Пакер бар ин ақида аст, ки ҳама гуна куштори сиёсӣ терроризм аст ва дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа (қадим, кӯҳан) марбут медонад. Гурӯҳи дигар, терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро ба давраи пас аз истилоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
Таърихнигорон бар ин назаранд, ки дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-милодӣ Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимоли шаҳри Ҳамадон воқеъ дар Эрон ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиёти худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, рӯҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли ин гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд.
Коршиносон терроризмро ба ду гурӯҳ-дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо намуданд. Терроризми дохилӣ, вобаста ба субъектҳои худ ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва терроризми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Терроризми байналхалқӣ бошад, ба давлатӣ ва ѓайридавлатӣ ҷудо мешавад.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваи ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад. Хусусан, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калон бошад.
Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби кам масъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.
Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.
Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.
Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваи ифротӣ ба миён меорад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан, чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувва барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла, Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан, мо-ҷавонон, дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошем. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо, сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.
Ашўр Ҷамолов, дотсенти
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров