Таърих ва ҳуқуқ: аз семинар то маҳфил
Дар толори калони факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи ҳафтаи илм семинари илмӣ - назариявии кафедраи ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Декани факултети таърих ва ҳуқуқ номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳим семинарро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши чунин тадбирҳо дар баррасии масъалаҳои актуалии соҳа ва таҳкими дониши донишҷӯён сухан намуд.
Мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ дотсент Мухторов Киромиддин иштирокчиёнро бо барномаи семинари илмӣ - назариявӣ шинос намуд.
Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд. Аз ҷумла, устодони факултет - Самадова Дилбар дар мавзӯи "Рушди сиёсати давлатӣ - ҳуқуқӣ дар барои дин" ва Раҷабов Фарҳод дар мавзӯи "Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон" маърӯзаҳои пурмуҳтаво манзур намуданд.
Дар идома нишасти навбатии маҳфили "Адолат ва ҳуқуқ" доир шуд. Дар маҳфил аз ҷониби донишҷӯён чор маърӯза пешниҳод шуд. Мавзӯи маърӯза - "Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС): таърихи пайдоиш ва принсипҳои асосии он", "Ҷавобгарии ҳуқуқӣ: мақсад, принсип ва намудҳои он", "Шартномаи меҳнат ва аҳамияти он барои тарафайн", "Мақсад ва моҳияти адолати судӣ" маҳсуб меёфт, ки перомуни он аъзои маҳфил ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.
Сафаралӣ Сангинов,
аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"