​Таҷрибаомӯзии таълимӣ

Донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси хитойӣ-англисии факултети забонҳои шарқ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хатии забони хитойӣ” ҷалб карда шуданд.

Таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи он донишҷӯён донишҳои назарии худро дар амал татбиқ менамоянд.

Дар назар аст, ки донишҷӯён дар доираи ин раванд дар Қаълаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қасри Арбоб, Институти Конфутсий дар назди Донишкадаи металургии Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

Таҷрибаомӯзӣ то 29-уми июни соли равон идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ