​Таҷрибаомӯзии таълимӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ

Дар толори факултети забонҳои хориҷӣ конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии таълимӣ доир гардид.

Декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева Меҳриниссо конференсияи донишҷӯёнро ифтитоҳ бахшида, дар бораи Низомнома, тартиби раванди таҷрибаомӯзӣ ва уҳдадориву вазифаи донишҷӯён таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи таълимӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ- таърихии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла дар Қасри Арбоб, Осорхонаи таърихии вилоятӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, “Хона-музей”-и Камоли Хуҷандӣ ва “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов гузаронида мешавад.

Ҳамагӣ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ 354 нафар донишҷӯёни бахши дуюм сафарбар карда шуданд.

Мақсад аз гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ин пайдо намудани маълумот доир ба муассисаҳои фарҳангӣ - таърихии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров инчунин сайқал додани нутқи шифоҳӣ ва хатии забони англисии донишҷӯён мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ