Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик

Донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар доираи барномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ, ки як марҳилаи муҳими омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ маҳсуб мешавад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзӣ доранд.
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, донишҷӯён ба амалия дарс дода, усулҳои таълим ва муносибати педагогиро мустақиман меомӯзанд ва такмил медиҳанд.
Рафти дарсҳои онҳо зери назорати роҳбар-мушовир Абдурашидова Умедахон ва роҳбар-педагог Файзиев Аҳмадҷон ҷараён дорад.
Машварат ва таҳлили дарсҳои таҷрибаомӯзон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва ҳавасмандкунии донишҷӯён ба касби омӯзгорӣ ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил