​Таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён: татбиқи донишҳои назарӣ

Донишҷӯёни курси 5-уми шуъбаи фосилавӣ, ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд. Тибқи тақсимоти фармоиш 13 нафар донишҷӯён бо роҳбар-мушовир Шарипова Ӯғулой дар доираи ин раванд донишҳои назарии худро дар амат татбиқ доранд.

Таҷрибаомӯзон ба дарсҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, дарсҳои омӯзгоронро мушоҳида ва дар дафтари таҷрибаомӯзии худ қайд намуданд. Ҳамчунин таҷрибаомӯзон барои ҳолатҳои равонии хонандагони хурдсолро фаҳмидан, аз тести проективии психологии “Оилаи ман” сараманок истифода намуда, ҳалли мушкилоти таълимию тарбиявии хонандагон кӯмаки амалии психологӣ расонида истодаанд.

Интизор меравад, ки таҷрибаомӯзӣ то 21 декабр давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ