​Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси физика-информатика дар шаҳри Хуҷанд

Донишҷӯёни курси панҷуми ихтисоси физика-информатика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ анҷом медиҳанд. Ин раванд имконият медиҳад, ки онҳо дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намуда, маҳорати педагогии худро таҳким бахшанд.

Таҷрибаомӯзон инчунин мустақилона дарс мегузаранд ва донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ҷумла, таҷрибаомӯз Абдураҳимов Ҷасурбек маҳфили "Физикаро ки беҳтар медонад" баргузор намуда, як дарси кушоди намунавиро ташкил кард.

Дар рафти дарс воситаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла аёниятҳо, овезаҳо, варақаҳо, кроссвордҳо, проектор ва компютер истифода шуданд. Дарс бо истифода аз методҳои салоҳиятноки “Блист-пурсиш”, “Пурсиши занҷирӣ” ва “Чархи ақидаҳо” ҷолиб ва пурмазмун сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ