​Таҷрибаомӯзӣ: татбиқи донишҳои назариявӣ

Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси хитойӣ-англисӣ дар доираи таҷрибаомӯзӣ аз Фурудгоҳи байналмилиалии шаҳриХуҷанд ва Осорхонаи ҷумҳуриявӣ воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Ин иқдом бо роҳбарии омӯзгорони кафедра ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он таъмини сифатнокии раванди таҷрибаомӯзӣ унвон мешавад.

Ба донишҷӯён аз ҷониби масъулин доир ба таърихи таъсис ва фаъолияти Фурудгоҳи байналмилиалии шаҳриХуҷанд ва Осорхонаи ҷумҳуриявӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таҷрибаомӯзон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров маълумоти бештар пайдо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ