​Таҷрибаомӯзӣ: “Шарҳи “Чеҳранигорӣ” ба хонандагон”

Донишҷӯёни ихтисоси санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология дар муасисаи таълими миёнаи умуми №10 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар доираи раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ба хонандагони синфи панҷум мавзӯи “Чеҳранигорӣ”-ро фаҳмониданд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан тибқи нақшаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни як қатор ихтисосҳо дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ доранд.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ