​Таҷрибаомӯзӣ: донишҷӯён ба ҳайси психиолог фаъолият намуданд

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси психология дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 23- и шаҳри Хуҷанд таҷриба омӯхтанд.

Таҷрибаомӯзии мазкур аз санаи 11 ноябр шуруъ гардида, таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Мухторова Мунаввара ва роҳбар – педагог Азимова сурат гирифт.

Донишҷӯён ба синфҳои болоӣ вобаста шуда, ҳамчун психиолог фаъолият ва донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуданд.

Ҳафтаи аввал аз ҷониби таҷрибаомӯзон ташхиси психологӣ гузаронида шуда, натиҷаи он муайян ва аз рӯйи он машварати психологӣ ва корҳои ислоҳи психологӣ ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ