​Таҷрибаи касбӣ рушд хоҳад ёфт

Тибқи нақшаи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ донишҷӯёни курси панҷуми шуъбаи фосилавии ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Хуҷанд донишҳои худро дар амал татбиқ доранд.

Дар доираи ин ташаббус шиносоӣ бо муассиса, шиносоӣ бо синф ва роҳбарони синф, ташкил ва тартиб додани “Гӯшаи таҷрибаомӯзӣ” ва тартиб додани нақшаи ҳафтаина сурат гирифт.

Таҷрибаомӯзон ба дарсҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, дарсҳои омӯзгоронро мушоҳида намуда, дар дафтари таҷрибаомӯзии худ қайд намуданд.

Ҳамчунин таҷрибаомӯзон барои ҳолатҳои равонии хонандагони хурдсолро фаҳмидан аз тести психологии “Оилаи ман” сараманок истифода намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти таълимию тарбиявии хонандагон кӯмаки амалии психологӣ расонида истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ